Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448156
Сегодня
92
На этой неделе
571
В этом месяце
9676
Итого
4448156
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

04.04.2026

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ТАҚСИМОТИ КИРМАКИ ПИЛЛА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОДОН

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ТАҚСИМОТИ КИРМАКИ ПИЛЛА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПӮЛОДОН
Дар партави сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус соҳаҳои сердаромад дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон маъракаи тақсимоти кирмаки пилла ба роҳ монда шуд.
Ин чорабинӣ дар нуқтаи инкубатсионии ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода ба номи Э. Бойматова баргузор гардида, дар он Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода иштирок намуд.
Зимни боздид номбурда ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кирмакпарварӣ, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати аграрии давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру тавсияҳо дод.
Дар доираи маърака ба кирмакпарварон 200 қуттӣ тухми кирмак дастрас карда шуд.
Тухми кирмак аз навъи хитоӣ буда, бо сифати баланд ва ҳосилнокии хуб арзёбӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки мутобиқ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, рушди соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз вазифаҳои муҳими соҳа маҳсуб меёбанд.
Кирмакпарварӣ низ ҳамчун яке аз бахшҳои сердаромад метавонад дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас гузорад.
Масъулин изҳор доштанд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини дуруст имсол имкони ба даст овардани ҳосили фаровони пилла мавҷуд мебошад.
Возможно, это изображение периллаНет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Нет описания фото.Возможно, это изображение измерительный стержень и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей