Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313601
Сегодня
171
На этой неделе
739
В этом месяце
3207
Итого
4313601
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

22.06.2016

Вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ бо фаъолони маҳаллаҳо

Бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҷлисгоҳи МТМУ №3 ба номи Ҳабиба Каримоваи шаҳри Қонибодом гуруҳи таблиғотӣ бо иштироки Раиси КИШ ҲХДТ Бобоҷонов А., мудири шӯъбаи ташкилии МИҲД Ализода А. ва ҷонибдорони ҲХДТ, фаъолони кумитаи маҳаллаи Т.Ҷабборӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Раиси КИШ ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонов баромад намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Чунин ғояҳо дар садсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Ҳамзамон, Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислатҳои накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Поянда нигоҳ доштани сулҳу Ваҳдати миллии Тоҷикистон аз ҳар яки мову шумо вобастагӣ дорад.

Фаъолони ҲХДТ Ҷабборова С., Тоҳиров Ғ. қайд карданд, ки мо мардуми хушбахту сарбаланди тоҷик шукргузор аз он ҳастем, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва тинҷиву осудагӣ кору фаъолият намуда, дар канори Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаем. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей