Посетители
4428789
Сегодня
117
На этой неделе
562
В этом месяце
9671
Итого
4428789
27.02.2026
Ҷаласаи комиссия оид ба муқовимат ба савдои одамон дар Конибодом
КОНИБОДОМ: БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲУДУДӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН
Санаи 27 феврали соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷаласаи васеи навбатии Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайати комиссия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кумитаҳои маҳаллӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оид ба муҳиммият ва зарурияти баргузории чунин нишастҳо, инчунин тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вобаста ибрози андеша кард. Мавсуф ҳадаф ва мақсадҳои ҷаласаи мазкурро шарҳ дода, ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт таъкид намуд.
Сипас, муовини якуми Раиси шаҳр Шокирӣ Ш. оид ба фаъолияти Комиссияи ҳудудӣ гузориши муфассал пешниҳод кард.
Ҳамчунин, муовини сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, полковники милитсия Бобозода Ҳ., устоди ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Солиев И.М., сархатиби шаҳр Аброров А., мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Орифӣ М. ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Абдувоҳидзода Ф. вобаста ба масъалаи муқовимат ба савдои одамон суханронӣ намуда, доир ба чораҳои амалигардида ва натиҷаҳои бадастомада маълумоти мушаххас пешниҳод карданд.
Ҷаласаро Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ҷамъбаст намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти минбаъда дар ин самти муҳим ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?