Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4428836
Сегодня
164
На этой неделе
609
В этом месяце
9718
Итого
4428836
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

20.02.2026

Машварати судманд: мубодилаи таҷриба дар доираи усули “Мактаб ба мактаб”

Машварати судманд: мубодилаи таҷриба дар доираи усули “Мактаб ба мактаб”
Бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ бо усули «мактаб ба мактаб» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 деҳаи Файзбори ҷамоати деҳоти Ҳамробоев баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок намуда, бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни баромадҳо масъулин ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон, мубориза бо тамоюлҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи оқилона ва бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва фарҳанги солимгардонӣ миёни аҳолӣ ибрози назар карда шуд.
Нет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение учеба
Возврат к списку новостей