Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313617
Сегодня
13
На этой неделе
755
В этом месяце
3223
Итого
4313617
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

21.06.2016

Фарди солим аз наслҳои солим

Бахшида ба соли фарди солим дар коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии хотирмон баргузор гардид. Чорабиниро ҷонишини сарвари муассиса Саврихон Турсунова ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, донишҷӯёни коллеҷ дар мавзӯи «Фардҳои руҳану ҷисман солимро тарбия мекунем» бо барномаи ҷолиб баромад намуданд. Перомуни бемориҳои гуногун, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ/СПИД), нашъамандӣ, сил, инчунин оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва пешгирии онҳо маърӯзаҳо ва оид ба тарзи ҳаёти солим гуфторҳо шунида шуд.

Баъдан донишҷӯёни коллеҷ бо қироати суруду иҷрои рақсҳои ҷаззоб, саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз нигоҳи илмӣ исбот намуда тавонистанд, ки бо таъсири ханда, шунидани оҳангҳои дилнишин, истироҳати бофароғат дар оғӯши табиат ва мутолиа низ бемориҳоро муолиҷа намудан мумкин аст. Баромадкунандагон тавассути баромадҳои рангин ба тамошобинон ёдрас намуданд, ки ба ҷомеа фарди солим зарур аст ва солимии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Тавлиди фардҳои солим бошад, танҳо аз наслҳои солим вобаста аст. Аз ин рӯ, кӯшиш бар он бояд кард, ки солимии миллат таъмин гардад. Дар баробари ин, дар ҳифзи солимии ҷомеа на танҳо табибон, балки тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла тарбиятдиҳандагон низ масъуланд, зеро маънавиёти ҷомеа аз муаллим вобастагӣ дорад.

Ҳамин тавр, чорабинӣ ниҳоят дар сатҳи баланд ва судманд анҷом пазируфта, бо гуногунрангии хеш дар хотири иштирокдорон нақш баст. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей