Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4428814
Сегодня
142
На этой неделе
587
В этом месяце
9696
Итого
4428814
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

12.02.2026

Мулоқот бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 04080 дар шаҳри Конибодом

МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ТАБЛИҒОТИИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 04080
Санаи 11 феврали соли 2026 тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 04080 баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур намояндагон аз Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Миркамолов М. ва Мирзоқулов М., аз Шӯрои шаҳрии Ҳаракат — мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳмудов Б., инчунин муовини озоди Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ашурматзода З. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳӣ оғоз гардида, зимни он таъкид шуд, ки таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат вазифаи муқаддаси худ — ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварро — бо сарбаландӣ иҷро менамояд.
Баромадкунандагон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, мактаби ҷасорату мардонагӣ будани хизмат дар сафи Артиши миллӣ, инчунин доир ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои маънавию ахлоқӣ андешаронӣ карданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ омили муҳими пойдории сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мебошад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихори баланд ва масъулияти бузург буда, ҳар як сарбоз бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.
Мулоқот дар фазои самимӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, дар фарҷом чанде аз сарбозон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси Шӯро бахшида ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст "-เวอรรร 출산"Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст "1台選 A(I) Rh A0O ตล BAJOPAR A(DRh+ Rh+"Возможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и текст
Возврат к списку новостей