Посетители
4428814
Сегодня
141
На этой неделе
586
В этом месяце
9695
Итого
4428814
11.02.2026
Мактаб ба мактаб: насли наврасро бошарафу суботкор омода намоем
Мактаб ба мактаб: насли наврасро бошарафу суботкор омода намоем
Мулоқоти навбатӣ дар доираи вохӯриҳо бо усули «Мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Гулбоги ҷамоати деҳоти Фирузоба таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон масъалаҳои муҳими вобаста ба раванди таълиму тарбия, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва омодагӣ ба ҳифзи амнияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон ба аҳли маҷлис вазъи имрӯзаи ҷаҳонро ёдовар шуда, бедории сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбозони ватандӯст ва дурӣ ҷустан аз бегонапарастиро аз шартҳои муҳими пойдории сулҳу субот арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина оид ба риояи талаботи ҳатмии ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи ғизои солим ба хотири солимии ҷомеа андешаҳои судманд баён дошт.
Таъкид гардид, ки насли ҷавон бояд асли худро бишиносад, замини меҳанро муқаддас шуморад ва ба арзишҳои миллӣ содиқ бошад.
Зеро маҳз фарзандони бошарафу ватандӯст метавонанд дар ҳифзи Ватан устувор бошанд ва нагузоранд, ки касе ба истиқлолу оромии он халал ворид намояд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?