Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313610
Сегодня
6
На этой неделе
748
В этом месяце
3216
Итого
4313610
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

20.06.2016

Гузаронидани амалиётҳои профилактикӣ

Мувофиқи супориши ҳамҷояи муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Н.Ғаффорӣ ва Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон гуруҳҳои корӣ дар ҳайати Амониён Шаҳнозабону Вализода – корманд, мутахассиси шӯъбаи тафтишоти раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сиддиқова Малика Шавкатовна – сардори шӯъбаи таҷдиди муассисаи тиббӣ ва механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Ашурматова Замирахон Уктамовна – муовини Раиси шаҳри Конибодом, Холматова Хуршедахон  – мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва 6 нафар сардорони гуруҳҳои корӣ дар ҳудуди 6 ҷамоати деҳот шуда, бо занону духтарони сатрпӯш суҳбатҳои тарбиявӣ – фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо таърих ва тамаддуни либоси миллии тоҷикӣ ва фарҳанги либоспӯшии занону духтарон фаҳмонида дода шуд. Зимни мулоқотҳо аз тарафи  ҳайати гуруҳ  иброз дошта шуд, ки тақлид ба тарзи либоспӯшии бегона раво набуда, бояд ҳар як фарди худогоҳ дарк намояд, ки ин тақлидҳои духтару зани тоҷик тешаест бар решаи ахлоқи суннатӣ, ободии ҷомеа ва билохира ифтихори миллӣ.

Имрӯзҳо, ки андозае пӯшиши тақлидии занону духтарони тоҷик, ояндаи норавшану фиребанда дар ҳоли нигаронист, бо аҳолӣ гузаронидани чунин суҳбатҳо айни муддаост.

Гуруҳи корӣ фаъолияти худро дар ин самт идома медиҳад.

Возврат к списку новостей