Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4428811
Сегодня
139
На этой неделе
584
В этом месяце
9693
Итого
4428811
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.02.2026

Мулоқотҳо идома доранд

Мулоқотҳо идома доранд
Санаи 6-уми феврали соли равон дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Фирӯзоба мулоқоти муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Конибодом тибқи усули «деҳа ба деҳа» ва «маҳалла ба маҳалла» баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б., мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом Толибова Ф., инчунин раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Ф. иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Нахуст баромадкунандагон мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонида, сокинонро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар даъват намуданд.
Сипас доир ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободкорӣ, шукргузорӣ аз неъмати истиқлолият, ба камол расонидани насли бофарҳангу донишманд, тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишт, имкониятҳои кор дар давлатҳои хориҷӣ, тартиби буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ суханронӣ сурат гирифт.
Дар фарҷом сокинони деҳа изҳор доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободиву шукуфоии деҳа, маҳал, шаҳр ва Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение дерево и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей