Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4428810
Сегодня
138
На этой неделе
583
В этом месяце
9692
Итого
4428810
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.02.2026

Барои фардои миллат ҳамфикру ҳамраъй бошем

Барои фардои миллат ҳамфикру ҳамраъй бошем
Дар доираи вохӯриҳо бо усули «мактаб ба мактаб» санаи 05.02. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Равоти ҷамоати деҳоти Пулодон, мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ — муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон, сардори шуъбаи шаҳрии РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Дӯстов С.Д., комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод, мудири шуъбаи маориф Абдувоҳидзода Фируза Абдувоҳид, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина ва иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Муъминов Равшан иштирок намуданд.
Мулоқот бо иштироки омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон сурат гирифт.
Муовини Раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон зимни баромади худ вобаста ба татбиқи талаботи Ҳукумати кишвар дар самти таълиму тарбия, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, садоқат ба давлату миллат ва тарбияи насли наврас бо далелу бурҳон андешаҳои худро баён намуд.
Сардори шуъбаи шаҳрии РКДАМ Дӯстов С.Д. таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои тарбияи насли ватандӯсту содиқ ба арзишҳои миллӣ, ташаккули бедории фикрӣ ва ҳушёрии сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва зарари бегонапарастӣ ҷалб кард. Зикр гардид, ки насли имрӯз барои ояндаи миллат ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон масъулияти баланд дорад.
Комиссари ҳарбии шаҳр полковник Билол Муҳиддинзод масъалаҳои иҷрои уҳдадории шаҳрвандӣ дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҷавонписарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Мудири шуъбаи маориф Абдувоҳидзода Фируза Абдувоҳид оид ба баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва назорат аз истифодаи телефонҳои мобилӣ суханронӣ намуд.
Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Қурбонова Таҳмина доир ба риояи меъёрҳои ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, истифодаи ғизои солим ва ҷалби наврасон ба варзиш баромад кард.
Ҳамчунин, и.в. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Муъминов Равшан масъалаҳои тарбияи ҳисси масъулият, созандагию бунёдкорӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ободонии шаҳру деҳотро, бахусус дар соли таърихии миллат - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, муҳим арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба таҳкими ғояҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ мусоидат намуд.
Возможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение один или несколько человек и толпаВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текст "c 13:15-14:00 1405 5 4:05 14:05-14.s 14:50 15:00-15:45 i 10 1 : 15:50 15:50-16:3 3 16:40-17:25 2A"
Возврат к списку новостей