Посетители
4428810
Сегодня
138
На этой неделе
583
В этом месяце
9692
Итого
4428810
05.02.2026
Мулоқотҳо идома доранд
Мулоқотҳо идома доранд
Санаи 5-уми феврали соли равон мулоқоти навбатии усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳалла ба маҳалла” дар маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати деҳоти Фирӯзоба баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири бахши бойгонии МИҲД Маҳмудов Б., мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат Толибова Ф., мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ализода А. ва мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сатторов А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар аз сокинон даъват ба амал оварданд.
Сипас, доир ба мавзуъҳои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба ин муносибат вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода намудани деҳаву маҳалли худ ба сокинони деҳа пешниҳодҳо намуданд.
Инчунин, аз ҷониби гуруҳи корӣ доир ба масъалаҳои муҳиму доғи рӯз, аз ҷумла, падидаҳои номатлуби терроризму экстремизм, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, самаранок ва оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини кишт, таъсиси ҷойҳои холии корӣ, имкониятҳо ва тартиби кор дар давлатҳои хориҷа баромадҳо намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?