Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313602
Сегодня
172
На этой неделе
740
В этом месяце
3208
Итого
4313602
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.06.2016

Чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ бахшида ба Соли фарди солим

Дар беморхонаи минтақавии №1-и деҳаи Қарақчиқуми ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бахшида ба Соли фарди солим чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ баргузор гардид. Нахуст дар саҳни ҳавлии беморхона байни дастаҳои шӯъбаи таваллудкунонӣ ва шӯъбаи амрози даруна мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол доир карда шуд.

Сипас дар толори беморхона бо иштироки кормандони соҳаи тиб ва фаъолзанони маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси ҷамоат Олимҷон Юлдошев бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Сипас сардухтури беморхона Ҳусейнбой Самиев баромад намуда, доир ба тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби кормандони беморхона баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд оид ба эълон доштани Соли 2016-соли фарди солим ва барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим», нақшаи чорабиниҳо ва иҷрои онҳо дар ин маркази саломатӣ баромад намуд. Сипас роҳбари Маркази ташаккули тарзи зисти солим (ТТЗС)-и шаҳр Муҳтарама Абдусатторова баромад намуда, оид ба иҷроиши Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» дар марказҳои саломатии шаҳру деҳот, таъмини беморхонаҳо бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавони соҳаи тиб, роҳҳои пешгирии бемориҳо ва ғайра сухан ронд.

Баъдан кормандони тиб оид ба тарзи зисти солим, тарзҳои пешгирӣ аз бемориҳо ва роҳҳои самарабахши муолиҷаи онҳо, пешгирии никоҳи хешовандӣ ва монанди ин маърӯзаҳо карданд.

Инчунин саҳнаҳои пуртаъсир намоиш дода шуда, иштирокдорон аз чорабинӣ таассуроти нек бардоштанд.

Возврат к списку новостей