Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448155
Сегодня
91
На этой неделе
570
В этом месяце
9675
Итого
4448155
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

16.01.2026

Идомаи мулоқотҳо бо сокинон

Идомаи мулоқотҳо бо сокинон
Мулоқоти навбатӣ дар маҳаллаи ба номи М. Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Куҳандиёр баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б., Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Ф. ва муовини Раиси ҷамоати деҳоти Куҳандиёр Шарофиддинова Ф. иштирок ва баромад намуданд.
Зимни мулоқот муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинон расонида шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, дастрасии туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Шоҳнома» ба сокинон, оқилона истифода бурдани неруи барқ, татбиқи сиёсати электронӣ, тарбияи ватандӯстонаи насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом сокинони маҳалла саволҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Нет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек и деревоВозможно, это изображение один или несколько человек, больница и текстНет описания фото.
Возврат к списку новостей