Посетители
4448155
Сегодня
91
На этой неделе
570
В этом месяце
9675
Итого
4448155
16.01.2026
Паём — раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон
Паём — раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон
Санаи 15 январи соли 2026 дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бо иштироки ҳайати таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — Мирпочоева М. Қ., Ҷабборзода И. Р., Зарифзода Ғ., инчунин масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом — Ҷабборӣ Б. И. ва Ашӯрматзода З. бо ҷомеаи меҳнатии омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Мулоқот дар мавзуи «Паём — раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон» сурат гирифта, ҳадафи он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани моҳияти сиёсати давлатӣ ба аҳли ҷомеа, бахусус қишри ҷавон арзёбӣ шуд.
Зимни баромадҳо иштирокчиён ба паҳлӯҳои гуногуни Паём таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, хосатан рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими фазои сулҳу субот, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои ҳар як шаҳрванди кишвар роҳнамои боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшон буда, иҷрои саривақтӣ ва босамари он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?