Посетители
4448155
Сегодня
91
На этой неделе
570
В этом месяце
9675
Итого
4448155
16.01.2026
ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Санаи 16 январи соли ҷорӣ Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Патар ва Пулотон мулоқот баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба масъулин ва сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла моҳияти истиқлолу озодӣ ва нақши таърихии он дар сарнавишти миллати тоҷик, ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, назорати истифодаи замин, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои мубрам равона гардид.
Инчунин, дар фазои муколамаи озод сокинон фикру мулоҳиза, таклифу пешниҳодҳои худро баён намуда, ба саволҳояшон аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси шаҳр муҳтарам Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки сокинони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат саҳми арзанда гузошта, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии маҳал ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?