Посетители
4394415
Сегодня
730
На этой неделе
2803
В этом месяце
9944
Итого
4394415
09.01.2026
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ
09.01.2026
9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.
Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла навъҳои синтетикии он ва ҳамчунин, ба тарбияи босифати кадрҳои ҷавони соҳа ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?