Посетители
17.06.2016
Тӯқай дигар бесоҳиб нест
Солҳои охир бинобар норасоии оби полезӣ 474 гектар заминҳои минтақаи Тӯқай ва ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон аз истифода берун монда буд. Сабаби асосӣ аз фаъолият бозмондани шабакаҳои обёрӣ байни хоҷагиҳои ба номи Э.Бойматова ва «Ирам», ҳамчунин пойгоҳҳои обкашии «Нур» ва «Маҳрам» маънидод мегардид.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилот ба роҳбарияти шаҳр супориш дод. Тибқи нақша дар ин минтақа 2742 гектар замин мавҷуд аст, ки 1436 гектарашро заминҳои корам ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии заминҳо ҳамагӣ 800 гектор мавриди истифода қарор гирифтаасту халос. Сабаби беистифода мондани майдонҳои фарох агар аз як тараф баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯр гардидани замин бошад, аз тарафи дигар ҳуҷуми чорвои беназорат дар мисоли галаи аспҳои бегона ва гову гӯсфанд ба зироати деҳқон аст, ки таи чанд соли ахир онҳоро ба ташвиш гузоштааст. Ҷиҳати бартарафсозии ин мушкил бо дастгирии роҳбарияти вилоят кофтани саддҳо барои пешгирии чорво ва тоза кардани заҳбурҳо шурӯъ шудааст. Барои ин кор аз буҷети вилоятӣ 1,5 миллион сомонӣ равона гардидааст. Раиси вилоят барои анҷоми кори тозакунии заҳбурҳо дар назди мутасаддиён ду ҳафта муҳлат гузошта буд. Дар ин муддат бояд роҳбарияти шаҳр ҳамчунин 400 гектари дигарро дар ин минтақа барои пешниҳоди соҳибкорони хоҳишманд омода намояд ва дар ин заминҳо кишти зироатҳо худи ҳамин сол ба роҳ монда шавад.
Алҳол дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобидаи минтақаи Тӯқай, бартарафсозии баъзе мушкилот дар ин мавзеъ, ба шаҳрвандон ҷудо намудани қитъаҳои замин тоза намудани заҳбурҳо шурӯъ шуда, дар арафаи анҷомёбист. Бо имтиёзи истифодаи ройгони об ва озод будан аз пардохти андоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин минтақа заминҳои омодагардидаро барои хоҳишмандони маҳаллӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.
Алҳол муаммои таъминоти об ба пуррагӣ бартараф гардида, имконияти васеи истифодаи заминҳо фароҳам омадааст.
Айни замон дар ин мавзеъҳо садҳо нафар шаҳрвандон ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ рӯ оварданд. Аксарият кишти харбузаю тарбуз, ҷуворимакка, лӯбиё ва дигар маҳсулоти полезиро ба роҳ мондаанд.
Бо мақсади танзими фаъолияти заминдорон ва мусоидат ба ҳалли саривақтии муаммоҳои пешомадаи онҳо ситоди кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати кишоварзӣ амал мекунад. Имрӯзҳо ин минтақа аз харобазор ба майдони ҳақиқии корзор табдил ёфтааст. Ин иқдом то андозае ба шуғли манфиатбахш-ҷалб шудани бекорон ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Инчунин ин имкон медиҳад, ки миқдори зиёди заминҳо дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шаванд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?