Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4394422
Сегодня
737
На этой неделе
2810
В этом месяце
9951
Итого
4394422
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

08.01.2026

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар Конибодом

Санаи 8-уми январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагон аз Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ ва Йулдошев Абдучаббор иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини якуми раиси шаҳр, муовини Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шуҳрат Шокирӣ ифтитоҳ намуда суханро барои додани ҳисобот ба муовини озоди Шӯрои шахрии Харакати чамъиятии вахдати милли ва эхёи Точикистон Ашурматзода Замира дод. Ӯ дар баромад доир ба тадбирҳои амалишуда дар самти тарғиби ғояҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус насли наврас ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ маълумот дод.
Пас аз шунидани ҳисобот, Раиси куҳансолони ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Наимҷон Ғаниев, директори Коллеҷи омӯзгорӣ Марҳабо Расулова ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҳамробоев Ҳайдарова Муқаддас ба музокира баромада, андешаву пешниҳоди худро доир ба вусъати фаъолияти Шӯро баён намуда, кори Шӯрои шаҳрии Ҳаракатро каноатбахш арзёби намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа Шерматов Тухтамурод - мушовири шуъбаи маорифи шаҳр, раиси Шӯрои ҷавонони ваҳдатсарои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид.
Сипас намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракат Аъзам Ҳотами баромад намуда, кайд намуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои ҳар як шаҳрванди бедордил соли масъулият ва саҳмгузорӣ дар таҳкими ваҳдату амният, буда сиёсати ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамчун роҳнамои фикриву амалӣ дар тамоми фаъолиятҳо ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва худшиносии миллӣ татбиқ гардад.
Дар фарҷом ба ғолибони озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” диплом ва тӯҳфаҳои Раиси Шӯрои вилоятӣ ва Раиси Шӯрои шаҳрии Харакати ҷамҳиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон супорида шуд.
Возможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человекНет описания фото.Возможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек и текст "Гиранда. Гараны ГИранпа Презида Презин Гиранда Гиранеа През"Возможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человек, помост и текст "диплом"Возможно, это изображение помост
Возврат к списку новостей