Посетители
4394422
Сегодня
737
На этой неделе
2810
В этом месяце
9951
Итого
4394422
08.01.2026
Чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳти унвони “Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ”
Чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳти унвони “Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ”
Тавре, ки ҳамагон ба хуби огаҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои мубрам ва муҳими ҳаёти ҷомеа ба масъалаи барқ ва таъминоти он дар ҷумҳурӣ таваққуф намуда, дар баробари роҳу воситаҳои техникии баланд бардоштани иқтидори энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки онҳо, масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқро таъкид намуда, аз ҷумла чунин иброз намуданд:
“Барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бо нерӯи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ нақши калидӣ дорад”.
Бо мақсади ҳамаҷониба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт ва баҳри иҷрои супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи вилояти Суғд марбут ба тарғибу ташвиқи роҳҳои сарфаҷӯёнаи истифодаи қувваи барқ, аз ҷониби прокуратураи шаҳри Конибодом дар байни аҳолии шаҳр чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ таҳти унвони “Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ” гузаронида шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маданияти истифодаи нерӯи барқ ва ҳамаҷониба роҳандозӣ намудани истифодаи оқилонаи он кормандони прокуратураи шаҳри Конибодом дар байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои дурдаст чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, то ин дам зиёда аз 1000 варақаҳои иттилоотии “Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ”-ро ба сокинон дастрас намуданд.
Чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба “Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ” ва тақсим намудани варақаҳои иттилоотӣ идома дода мешавад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?