Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4394422
Сегодня
737
На этой неделе
2810
В этом месяце
9951
Итого
4394422
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

07.01.2026

Мулоқоти «Деҳа ба деҳа» дар деҳаи Санҷидзори Конибодом баргузор шуд

Санаи 7- уми январи соли равон тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла дар деҳаи Санҷидзори ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳр Шокирӣ Ш., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б., муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф. ва мутахассиси пешбари бахши ҷавонон ва варзиш Рӯзиев Ф. иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон доир ба рӯйдодҳои муҳими соли 2025, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ, роҳу коммуникатсия, як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба ин муносибат вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ қайд намуданд.
Дар навбати худ, сокинони деҳа низ бо якчанд саволу пешниҳодҳо аз қабили беҳтар намудани оби нӯшокӣ ва полезӣ инчунин тақвият бахшидани фаъолияти муассисаи таҳсилоти №28-и деҳа ва беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ муроҷиат намуданд. Муроҷиатҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ барои корбарии минбаъда таҳти назорат гирифта шуд.
Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текст
Возврат к списку новостей