Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313611
Сегодня
7
На этой неделе
749
В этом месяце
3217
Итого
4313611
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

16.06.2016

Иҷрои амалҳои савоб

Некиву хайру эҳсон ва шафқату раҳм намудан, кори савоберо ба иҷро расонидан дар моҳи шарифи Рамазон аз беҳтарин хислатҳои инсонист. Дар ин рӯзҳо ҳар амали хайре, ки ба сомон расонида мешавад, айни муддао буда, боиси дастгирист. Ронандаи ҶДММ «Сафар-Канд», нақлиёти мусофиркаши хатсайри №5 Абдурасул Носиров тасмим гирифт, ки дар рӯзи аввали даҳаи дуюми моҳи Рамазон ба аҳолӣ ройгон хизмат расонад. Дар ин рӯз ин ронандаи хайрхоҳ хизмати мусофиронро дар хатсайри №5 ройгон ба ҷо оварда, боиси хушнудии онҳо гашт.

Аҳолии деҳаи Гулбоғ (Тутиқавола) аз иқдоми ронанда Абдурасул Носиров қаноатманду шод гашта, арзи миннатдорӣ карданд ва  изҳори умед намуданд, ки аз ҷониби дигар ронандагон низ чунин амалҳо идома меёбад.

Воқеан чунин амали хайр, ҳарчанд кӯчак менамояд, хело хайру савоб буда, шоистаи пайравист.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей