Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4394421
Сегодня
736
На этой неделе
2809
В этом месяце
9950
Итого
4394421
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

04.01.2026

ЛИБОСИ МИЛЛӢ СИМОИ МИЛЛАТ АСТ.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ СИМОИ МИЛЛАТ АСТ.
(дар заминаи Паёми навбатии Пешвои миллат, 16.12.2025)
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, ки равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ сарҳадҳоро нобуд намуда истодаанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба бегонапарастӣ аҳамияти хосса касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои миллии беназир пайваста масъалаи ҳифзи асолати миллӣ ва тарғиби фарҳанги аҷдодиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор медиҳад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) таъкид карданд, ки бегонапарастӣ ҳамчун падидаи номатлуб метавонад ба заъфи худшиносии миллӣ, коста гардидани арзишҳои фарҳангӣ ва халалдор шудани ваҳдати ҷомеа оварда расонад. Пешвои миллат зарурати таҳкими тафаккури миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳо, урфу одат ва фарҳанги миллиро ҳамчун омили асосии пойдории давлат ва ҷомеа таъкид намуданд.
Бегонапарастӣ мафҳумест, ки ба тақлидкории кӯр-кӯрона аз фарҳанг, тарзи зиндагӣ, арзишҳо ва идеологияҳои бегона бе дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва хусусиятҳои таърихию фарҳангии ҷомеа ишора мекунад. Ин раванд бештар дар байни ҷавонон, ки зери таъсири фазои иттилоотии ҷаҳонӣ қарор доранд, мушоҳида мешавад.
Паёмадҳои бегонапарастӣ метавонанд ба заъфи эҳсоси ифтихори миллӣ, фаромӯш шудани забон, либос, суннат ва одатҳои миллӣ, коста гардидани арзишҳои ахлоқӣ ва оилавӣ ва заъфи тафаккури мустақил ва худшиносии шаҳрвандӣ оварда расонанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷомеа бояд нисбат ба ин падида бетараф набошад ва тамоми ниҳодҳо - аз оила то муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ дар пешгирии он саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки эҳтиром ба анъанаҳо ва арзишҳои маънавӣ бояд на танҳо фикрӣ, балки амалист. Худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ заминаи муқовимат ба бегонапарастӣ мебошад:
"Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд... Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро шиори зиндагии худ қарор додаанд."
Фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ на танҳо мероси гузашта, балки пояи маънавии имрӯзу фардои миллат мебошанд. Забони тоҷикӣ, ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада), либоси миллӣ, мусиқӣ, адабиёт ва суннатҳои мардумӣ арзишҳое мебошанд, ки миллатро муттаҳид месозанд ва ҳисси тааллуқ ба як ҷомеаи воҳидро таҳким мебахшанд.
Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки тарғиби фарҳанги миллӣ бояд на ба таври шиор, балки бо усулҳои муосир, муассир ва ҷолиб, махсусан барои ҷавонон, ба роҳ монда шавад. Яъне фарҳанги миллӣ бояд ҳамқадам бо замон рушд кунад, аммо асолати худро аз даст надиҳад.
Дар ин раванд низоми маориф нақши калидӣ дошта, мактаб ва донишгоҳ бояд на танҳо дониш диҳанд, балки ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва фарҳанги миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар зеҳни насли нав ташаккул бахшанд.
Ҳамзамон, дар ин самт воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд муҳтавои миллиро паҳн намуда, фазои иттилоотиро бо арзишҳои миллӣ ғанӣ гардонанд.
Омӯзиши анъанаҳо ва амалҳои маънавӣ аз оила оғоз мешавад ва насли навро дар рӯҳияи миллӣ тарбия мекунад. Нақши занон ва оила дар ҳифзи фарҳанг ва муқовимат ба бегонапарастӣ аҳамияти бузург дорад. Дар ин хусус Сарвари давлат иброз доштанд:
"Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар... аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд."
Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Агар онҳо дорои ҷаҳонбинии миллӣ, тафаккури солим ва эҳсоси масъулият нисбат ба давлату миллат бошанд, ҷомеа дар роҳи рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллат ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба фарҳанг ва муқовимат ба таъсирҳои бегона аҳамияти ҷиддӣ додаанд. Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо, фестивалҳо, омӯзиши таърих ва адабиёти миллӣ, дастгирии ташаббусҳои эҷодии ҷавонон метавонад натиҷаҳои назаррас диҳад.
Тавре Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд: "Биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон кӯшишу талош намоем." Пешвои миллат изҳор медоранд, ки ҳифзи фарҳанг ва муқовимат ба таъсирҳои бегона на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.
Хулоса, Паёми навбатии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки манъи бегонапарастӣ ва тарғиби анъана ва фарҳанги миллӣ на танҳо масъалаи фарҳангӣ, балки масъалаи амният, субот ва пойдории давлат мебошад. Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи умумимиллӣ буда, иҷрои он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Танҳо бо такя ба фарҳанги ғанӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ ва худшиносии миллӣ метавонем ҷомеаи солим, давлатдории устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин намоем.
Гулчеҳра Раҳмонзода, н.и.с., муовини раиси шаҳри Конибодом
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей