Посетители
4448164
Сегодня
100
На этой неделе
579
В этом месяце
9684
Итого
4448164
31.12.2025
Таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳри Конибодом
Таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳри Конибодом
Бахшида ба Соли нави мелодӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Сараввал, муовини Раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзодаро ба самъи сокинону меҳмонони шаҳр расонида, аз ҷумла зикр дошт, ки соли сипаришудаистодаи 2025 барои ҷумҳурии азизи мо соли басо хотирмон ва фаромӯшнопазир боқӣ хоҳад монд, зеро дар партави иқдомоти созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишварамон як қатор тасмиму тадбирҳои бузургу назаррас амалӣ карда шуданд. Мардуми шарафманди тоҷик бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллатамон дар тамоми ҷабҳаи ҳаёти ҷомеа аҳлона меҳнат намуда, тавассути саъю талошҳои пайвастаашон ба пешравиҳои назаррас мушарраф гардида, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин намуданд.
Дар ин раванд, соли сипаригардида барои сокинони сарбаланди шаҳрамон низ соли саршор аз ташаббусу иқдомоти наҷиб ба шумор рафта, бо ибтикору тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза бахшида шуда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст оварда шуда, барои амалӣ гардидани як қатор нақшаву тарҳҳои арзишманд дар соли оянда заминаҳои боэътимод гузошта шуданд.
Изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки дар соли нави мелодии 2026 низ, сокинони сарбаланди шаҳру деҳотамон, чун дигар мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои амну субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ баҳри ободии диёр ва осудагии рӯзгори хеш раванди созандагиву бунёдкориҳоро беш аз пеш тақвият бахшида, ба муваффақияту комёбиҳои беназир ноил хоҳанд шуд.
Бо чунин ниятҳои нек, кулли ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Соли нави 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тансиҳативу хушбахтӣ, файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон шукуфоию сарсабзиҳо таманно намуд.
Ҳамзамон, ба як қатор фаъолони шаҳр ва ғолибони чорабинии солинавии маҳфили "Зарифон" Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ ва намоишҳои ҷолиб ба ҳозирин руҳу илҳоми тоза бахшид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?