Посетители
4448164
Сегодня
100
На этой неделе
579
В этом месяце
9684
Итого
4448164
31.12.2025
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати Конибодом тақдим шуд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Конибодом тақдим карда шуд
Ба 61 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати санатории №40-и шаҳри Конибодом туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз шириниҳои гуногун, маҷмуи сару либос, пойафзол ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буданд, тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин, барои тарбиятгирандагони ин муассиса дастархони идона ороста шуд. Зимни он хонандагон даъват шуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайваста ба омӯзиш машғул шуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.
Тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд шуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Дар Мактаб-интернати санатории №40 кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Омӯзгорону парасторон иброз доштанд, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
Иброз гардид, ки бо назардошти ин ҳама ғамхориҳо онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба раванди таълиму тарбия беҳбудӣ бахшида, фарзандони миллатро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба камол расонанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?