Посетители
4448164
Сегодня
100
На этой неделе
579
В этом месяце
9684
Итого
4448164
31.12.2025
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Ҳамдиёрони азиз!
Инак, мову шумо дар арафаи фарорасии Соли нави мелодии 2026 қарор дорем.
Нахуст, ҳамаи шумоён, ҳамдиёрони гиромиро дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан табрику муборакбод намуда, баҳратон сиҳатмандиву хонаободӣ, бахту иқболи накӯ ва комёбиву пирӯзиҳои навинро таманно менамоям.
Соли сипаришудаистодаи 2025 барои ҷумҳурии азизи мо соли басо хотирмон ва фаромӯшнопазир боқӣ хоҳад монд, зеро дар партави иқдомоти созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишварамон як қатор тасмиму тадбирҳои бузургу назаррас амалӣ карда шуданд. Мардуми шарафманди тоҷик бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллатамон дар тамоми ҷабҳаи ҳаёти ҷомеа аҳлона меҳнат намуда, тавассути саъю талошҳои пайвастаашон ба пешравиҳои назаррас мушарраф гардида, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин намуданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии соли 2025 дар ҳаёти сиёсии минтақа ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни ду давлати ҳамсоя – Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин, ба имзо расонидани шартнома байни се ҷумҳурии бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир ба дӯстии абадӣ тавассути Эъломияи Хуҷанд ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, боиси ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик буд, ки дар соли сипаригардидаистода ташаббусҳои ҷаҳонии кишварамон, аз қабили қатъномаҳои Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» ва эълон гардидани соли 2027 ҳамчун "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ" қабул гардиданд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аз иқдомҳое мебошанд, ки дар соли нави дарпешистода дар меҳвари фаъолияти ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳи миллат қарор хоҳад гирифт.
Дар ин раванд, соли сипаригардида барои сокинони сарбаланди шаҳрамон низ соли саршор аз ташаббусу иқдомоти наҷиб ба шумор рафта, бо ибтикору тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза бахшида шуда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст оварда шуда, барои амалӣ гардидани як қатор нақшаву тарҳҳои арзишманд дар соли оянда заминаҳои боэътимод гузошта шуданд.
Изҳори умеду боварӣ мекунем, ки дар соли нави мелодии 2026 низ, сокинони сарбаланди шаҳру деҳотамон, чун дигар мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои амну субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ баҳри ободии диёр ва осудагии рӯзгори хеш раванди созандагиву бунёдкориҳоро беш аз пеш тақвият бахшида, ба муваффақияту комёбиҳои беназир ноил хоҳанд шуд.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Соли нави 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тансиҳативу хушбахтӣ, файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон шукуфоию сарсабзиҳо таманно менамоям.
Соли нави мелодии 2026 муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









