Посетители
4448156
Сегодня
92
На этой неделе
571
В этом месяце
9676
Итого
4448156
30.12.2025
Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр дар соли 2025
Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр дар соли 2025
Дар шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026 бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ ва кормандони шуъбаи маорифи шаҳр доир гардид.
Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов иштирок намуданд. Ҷаласаро мудири шуъбаи маорифи шаҳр Абдувоҳидзода Фирӯза Абдувоҳид оғоз намуда, сипас аз ҷониби сармутахассиси шуъба Башорат Исроилова ҳисоботи солонаи фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеъи он ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар ҳисобот вобаста ба дастоварду муваффақиятҳо ва мушкилоту муаммои соҳа таъкид гардид.
Баъдан аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ва мудири шуъбаи маориф Фирӯза Абдувоҳидзода ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти шуъбаи маориф, дар мисоли муваффақияту камбудиҳои муассисаҳои таълимӣ ба таври алоҳида таҳлил гардид.
Намояндаи раёсати маорифи вилоят Фирдавс Ашӯрматов ва муовини Раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода зимни баромадашон фаъолияти солонаи шуъбаи маорифро қаноатбахш арзёбӣ дошта, барои ислоҳи камбудиҳо ва бештар намудани дастовардҳои соҳа вазифагузорӣ карданд. Дар ин раванд, таъкид гардид, ки бояд диққати аввалиндараҷа ба иштирок ва ба даст овардани нишондодҳои назаррас дар озмунҳои ҷумҳуриявии таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарордошта, олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ, беҳтарсозии сифати таҳсилот, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодирнамоии хонандагон, омодагии омӯзгорон ба дарс, давомоти ҳаррӯзаи хонандагон ва амсоли инҳо зоҳир гардад.
Дар фарҷом, ба чанде аз фаъолон Сипосномаҳои раёсати маорифи вилоят ва шаҳр тақдим гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?