Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448156
Сегодня
92
На этой неделе
571
В этом месяце
9676
Итого
4448156
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.12.2025

Насрулло Маҳмудзода бо сокинони деҳаи Маҳрами Конибодом мулоқот кард

Дар деҳаи Маҳрами ҷамоати деҳоти ба номи Куҳандиер мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва мудофиа Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон бо сокинон баргузор гардид.
Муовини аввали раиси шаҳри Конибодом Шӯҳрат Шокирӣ зимни оғоз намудани мулоқот зикр намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мушаххаси амал барои рушди маҳалҳо буда, иҷрои он масъулияти муштараки давлат ва ҷомеа мебошад.
Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон дар суханронии худ таваҷҷуҳи сокинонро ба масъалаҳои таъмини амнияти ҷомеа, эҳтироми қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ҷалб намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Паёми Президенти кишвар ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори давлат афзалияти хос дода шудааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иброз дошт, ки ҲХДТ дар маҳалҳо ҷиҳати фаҳмондани муҳтавои Паём ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созанда фаъолона кор мебарад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории наздики ҳизб бо сокинон заминаи ҳалли масъалаҳои мавҷударо фароҳам меорад.
Дар фарҷоми мулоқот собиқадори меҳнат Ғафуров Эркинҷон доир ба пешрафти замони истиқлол бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ барои баромади пурмӯҳтаво ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба вакили маҷлиси намояндагон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон ибрози сипос хешро баён дошт.
Баъдан сокинон оид ба масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла таъминоти иҷтимоӣ, вазъи инфрасохтор ва масъалаҳои ҳуқуқӣ ибрози назар намуда, пешниҳодҳои худро баён карданд.
Возможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение помост и текстНет описания фото.Возможно, это изображение помост
Возврат к списку новостей