Посетители
11.06.2016
Ифтитоҳи ду корхонаи нави саноатӣ дар шаҳр
Бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар деҳаи Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом ду корхонаи нави саноатӣ - корхонаи истеҳсоли гаҷтахтаҳои сақфии ҶСШК Нуртекс ва корхонаи тавлидоти гаҷи сохтмонии кооперативи тиҷоратии Моҳии заррин ба фаъолият шурӯъ карданд.
Корхонаи истеҳсоли гаҷтахтаҳои сақфӣ дар Конибодом аввалин буда, давоми як сол аз ҷониби мутахассисони ватаниву чинӣ сохта шудааст. Ҳарду корхона дар масоҳати 1,5 гектар ҷой гирифта, дар онҳо технологияи пешрафтаи истеҳсоли Олмон бо арзиши 1 миллион доллар ворид ва насб карда шудааст. Бартарии дигари корхонаҳо дар он аст, ки тавассути ангишт фаъолият мебаранд. Иқтидори корхонаи гаҷтахтаҳои сақфӣ истеҳсоли 6000 метри мураббаъ чунин намуд ва иқтидори корхонаи Моҳии заррин истеҳсоли 100 тонна гаҷи сохтмонӣ дар як шабонарӯз мебошад. Дар корхонаҳои нав беш аз 60 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорон ва мутахассисони соҳа зикр намуд, ки ташкили чунин корхонаҳо аз рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар дарак медиҳад.
Соҳибкорони маҳаллӣ бо истифода аз имтиёзу дастгириҳои Ҳукумати кишвар бо таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ кӯшиш мекунанд дар боло бурдани иқтисодиёти мамлакат саҳм гузоранд. Аз ҳама муҳимаш иқтидори солонаи корхонаҳои нав 25 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он беш аз 5 миллион сомонӣ андоз ба буҷети шаҳр ворид мегардад. Дар баробари ин Раиси вилоят роҳбари ширкатро тавсия дод, ки дар ин мавзеъ корхонаҳои дигари истеҳсолиро низ бунёд намояд, зеро ташкили минтақаи саноатӣ пеш аз ҳама боиси таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кор мегардад.
Ба роҳбарияти ширкат ҳамзамон барои кофтани чоҳи амудӣ ва ташкили боғи интенсивӣ дар масоҳати 50 гектар тавсия дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ барои эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати беҳтар шудани вазъи иҷтимоии мардум мусоидат мекунад.
Бо тавсияи Раиси вилоят дар ин макон боз 400 гектари дигар барои наздик 3,5 ҳазор оилаи муҳтоҷ ба замини наздиҳавлигӣ омода хоҳад шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ Раиси вилоят дар маркази шаҳр ҳамзамон бо лоиҳаи сохтмони қасри нави фарҳанг шинос шуд. Дар доираи бунёду навсозии иншооти фарҳангӣ дар Конибодом низ қасри фарҳанг бо 800 ҷои нишаст омода карда мешавад. Қасри фарҳанг аз бинои асосӣ, қароргоҳ, гулгашт ва дигар иншооти фароғатӣ иборат шуда, 1,5 гектарро фаро мегирад.
Раиси вилоят зимни сафар ҳамзамон дар мавзеи Пойменная бо рафти амалисозии лоиҳаи таъмини шаҳри Конибодом бо оби нушокӣ шинос шуд. Бояд гуфт, ки таъминоти об барои сокинони шаҳр масъалаи муҳим буда, ҷиҳати бартараф намудани ин танқисӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мусоидати молиявии Бонки аврупоӣ аз пойгоҳи обкашии Пойменная то шаҳри Конибодом ба масофаи 10 км хати об кашида мешавад.
Раиси вилоят мутасаддиёни сохтмонро дастур дод, ки ҷиҳати саривақт амалисозии лоиҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Муаммои дигари Конибодом ин ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани миқдори зиёди заминҳои минтақаи Тӯқай мебошад. Дар поёни сафари корӣ ин минтақаро мавриди назар қарор дод ва барои бартарафсозии мушкилот ба роҳбарияти шаҳр супориш дод. Тибқи нақша дар ин минтақа 2742 гектар замин мавҷуд аст, ки 1436 гектарашро заминҳои корам ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии заминҳо ҳамагӣ 800 гектор мавриди истифода қарор гирифтаасту халос. Сабаби беистифода мондани майдонҳои фарох агар аз як тараф баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯр гардидани замин бошад, аз тарафи дигар ҳуҷуми чорвои беназорат дар мисоли галаи аспҳои бегона ва гову гӯсфанд ба зироати деҳқон аст, ки таи чанд соли ахир онҳоро ба ташвиш гузоштааст. Ҷиҳати бартарафсозии ин мушкил бо дастгирии роҳбарияти вилоят кофтани саддҳо барои пешгирии чорво ва тоза кардани заҳбурҳо шурӯъ шудааст. Барои ин кор аз буҷети вилоятӣ 1,5 миллион сомонӣ равона гардидааст. Раиси вилоят барои анҷоми кори тозакунии заҳбурҳо дар назди мутасаддиён ду ҳафта муҳлат гузошт. Дар ин муддат бояд роҳбарияти шаҳр ҳамчунин 400 гектари дигарро дар ин минтақа барои пешниҳоди соҳибкорони хоҳишманд омода намояд ва дар ин заминҳо кишти зироатҳо худи ҳамин сол ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тавр пешгирии чорвои бегона ва таъмини об имкон медиҳад, ки миқдори зиёди заминҳо дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шавад ва барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оянд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?