Посетители
11.06.2016
Ташрифи Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом
Рӯзи гузашта Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Конибодом ташриф овард. Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳр бо гузоштани хишти аввали мактаби нав дар деҳаи Қарачқуми ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ оғоз ёфт. Муассисаи нави таълимӣ бо харҷи наздик 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети вилоятӣ сохта шуда, барои 660 ҷой дар як баст пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, фарогири 22 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва системаи марказонидаи гармидиҳӣ хоҳад буд. Бинои таълимӣ соли оянда дар арафаи Рӯзи дониш мавриди истифода қарор дода мешавад. То ин дам 1083 нафар хонандагони деҳа дар мактаби рақами 29 таълим мегиранд ва мувофиқи гуфти омузгорон шароити таҳсил мусоид нест ва дар як синфхона то 40 нафар ҷойгир мешаванд.
Зимни сӯҳбат бо аҳли деҳа Раиси вилоят изҳор намуд, ки сол то сол таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф зиёд гардида, фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия барои насли наврас ҳадафи асосии давлату Ҳукумат мебошад. Бахусус дар минтақаҳои дурдаст сохтани мактабҳои нав аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?