Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313604
Сегодня
174
На этой неделе
742
В этом месяце
3210
Итого
4313604
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

11.06.2016

Баргузории аксияи ҳизбӣ

Дар саҳни коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо иштироки тамоми аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, ҷавонон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид. Мақсаду мароми асосии Аксияи мазкур арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дўст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми Ватан, далериву мардонагӣ, расидан ба қадри ваҳдати миллӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани дастовардҳои даврони истиқлолият, тарғиби дигар ғояҳои пешқадам, ки дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» таҷассум гардидааст, маҳсуб меёбад. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» номаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик мебошад.

Дар аксия мудири шӯъбаи иттилоотӣ ва таблиғотии КИВ ҲХДТ Ҳоҷиев Фирдавсҷон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳанифаҷон Юсупова иштирок ва баромад намуда,  оид ба моҳияту мароми Аксия дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба қадр намудани китоб, дӯст доштани он, хондани китобҳои гуногуни бадеӣ даъват карданд.

Намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳо оид ба таърихи миллати точик доир гардида, дар рафти аксия иштирокдорон бо онҳо шинос шуданд.

Гуруҳи донишҷӯён дар васфи китоб, меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ шеърҳо хонданд.  Сипас дар асоси барнома санъаткорони бахши фарҳанг ва ҷавонони фаъоли ҲХДТ-и шаҳр баромад намуда, хотири иштирокчиёни аксияро шод гардонид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей