Посетители
4373543
Сегодня
141
На этой неделе
691
В этом месяце
2847
Итого
4373543
01.12.2025
Паёми табрикии Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти маҳаллӣ
Паёми шодбошии
Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи кормандани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ
Басо хушоянд аст, ки санаи 1 – уми декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ бо мақсади эҳтиром ва арҷ гузоштан ба хизмату заҳматҳои садоқатмандона ва фидокоронаи кормандони мақомоти маҳаллӣ ба шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда мешавад.
Нахуст, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсан, аз номи худ ҳамаи кормандони арҷманди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри азмзамонро ба ифтихори ин рӯзи накӯ ва фархунда сидқан ва самиман шодбошӣ намуда, дар ин айёми пурфараҳ ба шумоён, тансиҳативу хонаободӣ ва дар фаъолияти пуршарафи хидматиатон дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Боиси сипосу қаноатмандист, ки имрӯзҳо, хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ воқеан ҳам, баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои хирадмандона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал саҳм ва нақши созгор гузошта, барои пешбурди фаъолияти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҳаллу фасли саривақтии масъалаву муаммоҳои ҷойдоштаи сокинон, таъмини зиндагии шоистаи мардум, ободию сарсабзии гӯшаву канори диёрамон ҳамешагӣ саъю талош меварзанд.
Таманнои онро дорем, ки кулли кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ минбаъд ҳам, дар татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар маҳалҳо, ҳифзу гиромидошти арзишҳои олии миллию давлатӣ ва таҳкиму устувории пояҳои давлатдории навинамон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди рушду тараққиёт ва пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бахту саодати ҷовидонаи халқу миллатамон садоқатмандона ва фидокорона заҳмат хоҳанд кард.
Бо чунин ҳадафу ниятҳои нек, бори дигар, ҳамаи шумоён, кормандони азизу арҷмандро ба ифтихори иди касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон дар роҳи иҷрои сарбаландонаи рисолати муқаддаси хизмат ба халқу Ватан ва мардуми диёр барору комёбиҳо ва сарфарозиву сарбаландиҳо орзумандам.
Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









