Посетители
4373543
Сегодня
141
На этой неделе
691
В этом месяце
2847
Итого
4373543
29.11.2025
ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Дар доираи нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳои дахлдор бо усули "Мактаб ба мактаб" бо волидайну омӯзгорон ва донишҷуёни Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом вохӯрӣ доир шуд, ки дар он намояндагон аз шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии кишвар, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ оид ба самаранок истифода бурдани қувваи барқ, масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?