Посетители
10.06.2016
Руҳи солим -дар тани солим
Бахшида ба соли «Фарди солим» дар коллеҷи тиббии шаҳр чорабинии бошукуҳ доир карда шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти оилавӣ, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, тавлиди кӯдакони маъюб, тарзи зисти солим ва монанди инҳо барномаҳои ҷолибу рангин намоиш доданд. Аз ҷумла филме, ки бевосита аз ҷониби худи донишҷӯёни коллеҷ омода гардида, ба навор гирифта шуда буд, намоиш дода шуд, ки басо диққатҷалбкунандаву таъсирбахш буд. Он дар мавзӯи оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ омода гардида, ба тамошобин оқибатҳои онро равшану возеҳ инъикос намуд. Донишҷӯён Шаҳноза Холматова ва Парвина Собирова дар мавзӯъҳои «Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ дар кӯдаки маъюб» ва «Камхунӣ ва роҳҳои пешгирии он» маърӯза намуда, тариқи слайд мавзӯъҳоро ба таври комил шарҳ доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ усули тозаро пеш гирифта, байни омӯзгорону донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳо, ташаккул ва бунёди ҷомеаи руҳану ҷисман солим суолу ҷавоб доир намуданд.
Тақлидкорӣ, рақсҳои зебо ва қироати гуфторҳо чорабиниро ранги хоса бахшид. Донишҷӯён тавассути ҳаракоти ҷаззоб ва иҷрои рақсу оҳангҳои дилнишин собит намуданд, ки танҳо насли солим ҷомеаи солим ва муҳити созгорро ба вуҷуд оварда метавонад, аз ин рӯ аҳли ҷомеа махсусан, табибон бояд баҳри саломатии миллат кӯшанд ва дар таъмини сиҳатии омма саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷом сарвари коллеҷ Амирхон Нуров ба сухан баромада, ба рафти чорабинии фарҳангӣ баҳои баланд дода, барои ташкил ва баргузории он ба коллективи омӯзгорон ва донишҷӯён миннатдорӣ баён намуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?