Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4373539
Сегодня
137
На этой неделе
687
В этом месяце
2843
Итого
4373539
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

28.11.2025

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои геополитикӣ, хатарҳои иттилоотӣ, ҷинояткории муташаккил ва

ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои геополитикӣ, хатарҳои иттилоотӣ, ҷинояткории муташаккил ва экстремизму терроризм суръати тозаи густариш пайдо кардаанд, масъалаи ҳифзу таъмини амнияти миллӣ ба яке аз мавзуъҳои асосии рӯзмараи ҷомеаи тоҷик табдил ёфтааст. Амният низоми мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва ахлоқиву иҷтимоӣ мебошад, ки дар марказаш инсон - шаҳрванд меистад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳифзи амнияти миллӣ, пеш аз ҳама, рисолати шаҳрвандӣ аст. Ҳифзу таҳкими он вазифаест, ки ҳар фарди кишвар онро дар ҳаёти ҳаррӯза, дар рафтору гуфтор, дар интихоби мавқеъ ва дар садоқат ба давлату миллат анҷом медиҳад.
Амнияти миллӣ аз чанд поя иборат аст: суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳанги миллӣ, шуури ҳуқуқию шаҳрвандӣ ва масъулияти коллективӣ. Яке аз ин пояҳо агар заъф ёбад, тамоми бинои давлатдорӣ ба хатар рӯбарӯ мешавад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Амнияти давлат аз ҳар як шаҳрванд вобаста аст». Ин андеша ба мо мефаҳмонад, ки шаҳрванд танҳо дар вақти интихобот ё барои иҷрои уҳдадории андоз вазифадор набуда, дар ҳар рӯзи зиндагӣ дар ҳифзи ваҳдату амнияти давлат нақш дорад.
Имрӯз бузургтарин таҳдид ба амнияти миллӣ аз норасоии маърифати сиёсӣ ва сатҳи пасти шуури ҳуқуқии шаҳрвандон сар мезанад. Дар шароити ҷанги иттилоотӣ, ки гурӯҳҳои манфиатдори террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ афкори мардумро ба самти худ тоб медиҳанд, ҳар як шаҳрванд бояд фарқ кардани маълумоти бардурӯғро аз воқеият омӯзад. Ин ҷо масъулияти шаҳрвандӣ аз ҳамин оғоз меёбад ва муҳофизати фазо аз дурӯғ, истодагарӣ ба арзишҳои миллӣ ва муқовимат бо ҳар гуна таҳрифи ҳақиқат тариқи нашри мақолаҳои вокунишию ватандӯстона. Маҳз ноогоҳии шаҳрвандон як давлатро бе ҷанг фалаҷ карда метавонад ва ин таҷриба дар ҷаҳони муосир борҳо собит шудааст. Барои ҳамин, шаҳврандони кишвар бояд, пеш аз ҳама, дониши мустаҳкам дошта бошанду забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва касбу ҳунар омӯзанд.
Дигар ҷузъи муҳими амнияти миллӣ таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ аст. Шуури шаҳрвандӣ аз ҳамбастагии миллӣ оғоз мешавад, махсусан аз эҳтироми якдигар, ҳифзи забон, фарҳанг, рамзҳои давлатӣ ва эътирофи арзишҳое, ки миллати моро муттаҳид месозанд.
Шаҳрванд касест, ки худро масъули пешрафти ҷомеа медонад.
Иқтисоди устувор низ ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ мебошад. Ин ҷо нақши ҳар як шахс бо меҳнатдӯстӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, риояи қоидаҳои шаҳрнишинӣ, пардохти саривақтии андоз ва пешгирии фасод муҳим аст. Ҳамаи ин амалҳо дар назари аввал хурд менамоянд, аммо дар маҷмӯъ амнияти иқтисодии кишварро тақвият медиҳанд. Вақте шаҳрванд худ бо фиреб, пинҳонкорӣ ва риоя накардани қонун ба иқтисод хисорот меорад, ин зарба ба амнияти миллӣ аст.
Ғайр аз ин, амнияти фарҳангӣ яке аз ҳассостарин самтҳо мебошад. Ҳар қадар фарҳанг заъф ёбад, ҳамон қадар майдони таассуб, зудбоварӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона густариш меёбанд. Шаҳрванди воқеан масъул касест, ки забони модариро пос медорад, таъриху адабиётро меомӯзад, рамзҳои миллиро эҳтиром мекунад, либоси миллиро ба бар мекунад ва дар тарбияи фарзандонаш арзишҳои ватанпарастиро истифода мекунад. Амнияти фарҳангӣ аз хона сар мешавад.
Бояд эътироф кард, ки давлат метавонад марзро муҳофизат кунад, қонунгузориро эҷод намояд, инфрасохтор созад, аммо бе ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ҳеҷ давлат амнияти устуворро таъмин карда намешавад. Дар кишварҳое, ки шаҳрвандон садоқатманданд, қонунро риоя мекунанд, андешаашонро огоҳона дар муқобили ифротгароён баён менамоянд ва дар ҳифзи кишвар саҳм мегиранд, давлатҳо дар муқобили ҳама таҳдидҳо қавӣ мемонанд. Пас, ҳифзи амният рисолати ҳамагон аст, аз донишҷӯ то омӯзгор, аз ронанда то соҳибкор, аз зиёӣ то хизматчии давлатӣ.
Аз ин рӯ, бояд ҳар яке аз мо андешем, ки имрӯз барои амнияти кишвар чӣ кор карда метавонем. Оё мо қонунҳоро эҳтирому риоя мекунем? Оё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гапҳои дурӯғ бо ҳақиқат ҷавоб медиҳем? Оё арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро риоя мекунем? Оё ба фарзандонамон ватандӯстӣ ва эҳтироми Ватанро меомӯзем? Агар ҷавоб ба ин саволҳо мусбат бошад, пас мо барои таъмини амнияти миллӣ хизмат карда истодаем, вале агар не, бояд аз нав дар бораи мавқеи шаҳрвандии худ андеша кунем.
Дар шароите, ки ҷаҳон пур аз таҳдидҳост, Тоҷикистон танҳо бо ваҳдат, бо маърифати шаҳрвандӣ, бо эҳтирому риояи қонун ва бо садоқат ба давлат метавонад суботи худро ҳифз кунад. Амнияти миллӣ дастоварди муқаддасест, ки ҳар шаҳрванд бояд онро муҳофизат намояд. Ҳар нафасе, ки мо дар кишваре амн мекашем, натиҷаи меҳнати дастаҷамъӣ ва масъулияти шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, ҳифзу таъмини амнияти миллӣ рисолати шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватани ин сарзамин мебошад.
Ирматова Замира директори коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей