Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4373537
Сегодня
135
На этой неделе
685
В этом месяце
2841
Итого
4373537
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

27.11.2025

Вохӯрии тарғиботии “Деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи Н.Қарабоев

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” ВА “МАҲАЛ БА МАҲАЛ” БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ Н.ҚАРАБОЕВ -и ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФИРӮЗОБА
27 - ноябри соли ҷорӣ дар асоси нақша - чорабиниҳои муштараки мақомотҳои дахлдори шаҳр бо усули “Деҳа ба деҳа” ва “Маҳал ба маҳал” вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо иштироки сокинони маҳаллаи Н.Қарабоеви ҷамоати деҳоти Фирӯзоба баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД Ҷабборӣ Б. ва муовини раиси КИШ ҲХДТ Ҳоҷиев Ф. иштироку суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ иштирокдорон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву эктремистӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, диққати аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи самараноки нерӯи барқ, даъвати саривақтии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботи Қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сарфаю сарриштакорӣ дар ҳаёти мустақилона, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқаворӣ ва дигар масоили муҳими рӯз андешаронӣ намуда, сокинонро ба татбиқи амалии нуктаҳои ироагардида даъват намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ як гурӯҳ сокинону фаъолони маҳалла низ фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта, ҳамзамон ба баъзе суолҳои худ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Возможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей