Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313601
Сегодня
171
На этой неделе
739
В этом месяце
3207
Итого
4313601
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.06.2016

Маҷлиси машваратӣ

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раисони кумитаҳои маҳаллӣ ҷаласаи машваратӣ доир карда шуд. Машваратро мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Акмалҷон Ализода оғоз намуда, оид ба якчанд масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, ҷамъбасти мавсими даъвати баҳоронаи ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, гузаштан ба тарзи худфаъолияти ҷамъиятӣ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону духтарони сатру ҳиҷобпӯш, ташкили корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр  ва ғайра сухан ронд. Зикр гардид, ки фаъолияти раисони кумитаҳои маҳаллӣ дар самтҳои мухталиф қонеъкунанда набуда, бояд ҷоннок карда шавад.

Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва дастгирии мӯҳтоҷон махсус қайд карда шуд. Гуфта шуд, ки соҳибкорону саховатмандон Дилшод Ҷӯраев (бунёди майдонҳои варзишӣ), Равшан Азизов (мумаршкунии роҳҳо, бунёди майдони бозиҳои футбол ва баскетбол), Муродҷон Абдуллоев  (таъсиси боғчаи кӯдакона), оилаи Усмоновҳо (таъсиси боғчаи бачагона),Ҷамшед Назаров (сохтмони толори варзишӣ) ва дигарон дар рушду ободонӣ ва сарсабзии шаҳр нақши муассир гузоштанд ва чунин амалҳо пайравӣ карда шаванд.

Сипас мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Назирҷон Мамадов баромад намуда, қайд кард, ки самти  асосии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин дар амал татбиқ намудани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти кафолати хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ дар маҳал мебошад. Мавсуф инчунин оид ба расонидани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат сухан ронда, зикр намуд, ки ҷиҳати самаранок дар амал татбиқ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодом ва бо мақсади таъмини иҷрои Қарори  Ҳукумати ҶТ аз 3 июли соли 2014, таҳти №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» қарори Раиси шаҳр аз 5 сентябри соли 2014, таҳти №458 ба имзо расидааст, ки тибқи он барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ин самт корҳо идома дорад. Ҳоло аз ҷониби масъулини бахш қабули парвандаҳо оид ба таъмин ва гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, 6250 адад  аризаи шаҳрвандон қабул гардидаанд. Ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ 4679 нафар оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста ба дастгирии оилаҳои ниёзманд ва мӯҳтоҷ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва муроҷиати ягон шаҳрванд бе баррасӣ нахоҳад монд.

Зимни машварат инчунин баромади мудири шӯъбаи комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ҳанифаҷон Юсупова доир ба муташаккилона гузаронидани мавсими  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2017 шунида шуд.

Дар фарҷом кулли иштирокдорон ба иҷрои саривақтии супоришҳо, корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои амалҳои хайру савоб, дастгирии эҳтиёҷмандон, махсусан дар моҳи шарифи Рамазон даъват карда шуданд. 

Возврат к списку новостей