Посетители
4373557
Сегодня
155
На этой неделе
705
В этом месяце
2861
Итого
4373557
22.11.2025
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Паёми
шодбошии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамасола, санаи 24-уми ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва истиқлолу озодӣ ботантана таҷлил менамоянд.
Нахуст, шумоёни азизу арҷманд – сокинони шарафманди шаҳрро ба ифтихори ин санаи мубораки таърихӣ самимона табрик намуда, баҳратон саодату нусрат, хонаободӣ, шодиву нишот ва сарбаландиву сарфарозиҳо орзумандам.
Воқеан ҳам, парчаму парчамдорӣ дар ҳар як давлати соҳибистиқлол яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб ёфта, мавҷудияти давлатро бидуни ин рамзи муҳими давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон парчам суннати қадима дошта, ҳанӯз аз даврони куҳан, аз замони Каёниён боиси шукӯҳу шаҳомати давлат ва ифтихору нангу номус ба шумор мерафт. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории насли ориёӣ қабул гардида буд. Маҳз, аз ҳамин хотир ҳам, парчами миллӣ ҳамеша ифодакунандаи ормонҳои миллати куҳанбуёди мо ба шумор рафта, дар он ҳастии миллат, таъриху тамаддун ва сарнавишти он таҷассум ёфтааст ва мардуми моро ба мубориза барои истиқлолу озодӣ ва иттиҳоду ваҳдат раҳнамун сохтааст.
Парчами давлатии Тоҷикистони азизи мо санаи 24 – уми ноябр дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки минбаъд, ин сана дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷикон чун рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир сабт гардид. Он, дар ҳақиқат ҳам, чун ифодагари ормонҳои волои халқ ва ғояҳои давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарбаландии халқ гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойгоҳ ва нақшу мақоми Парчами давлатӣ чунин таъкид намудаанд, ки:
«Қабули парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид, мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».
Дар ҳақиқат, Парчами давлатӣ чун мафҳумҳои муқаддаси Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ барои пиру барнои Тоҷикистон муқаддасу арзишманд дониста шуда, ҳамагон онро чун рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллиашон арҷ мегузоранд.
Инак, 14 сол инҷониб, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дар раванди давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун баёнгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос ёфтаанд. Аз ин рӯ, Парчами миллӣ моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд.
Бо чунин орзуву ниятҳои нек, бори дигар, кулли сокинони шаҳрро бо ин рӯзи муборак – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, бароятон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқболи накӯ, сарсабзиву хуррамӣ дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамоям.
Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар қалбу дидаи мо меҳри Ватанро афзунтар намуда, дар фазои Тоҷикистони ободу шукуфони мо ҷовидона парафшонӣ намояд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









