Посетители
09.06.2016
Таҷрибаи ташкили ҳамкорӣ байни муассисаҳои КАТС
Дирӯз бо мақсади омӯзиши фаъолияти муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва соҳаи зиддисилии шаҳри Конибодом ба шаҳрамон гуруҳи мутахассисони водии Рашт ташриф оварданд. Онҳо дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз муассисаҳои КАТС-и шаҳрамон боздид карданд. Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки меҳмонон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи ташкили ҳамкорӣ байни муассисаҳои КАТС ва соҳаи зиддисилии шаҳри Конибодом» баргузор гардид. Дар семинар муовини раиси шаҳр Замирахон Ашӯрматова иштирок намуда, оид ба дастгирии иҷтимоии беморони сил ва ШМС дар давраи табобат маърӯза кард. У аз ҷумла қайд намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ беморони сил ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, баҳри табобати доимии онҳо маблағҳои муайян ҷудо мегардад.
Сипас менеҷери КАТС Аҳмадхӯҷа Ёқубов доир ба иҷроиши Фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2014 таҳти №36 оид ба гузаронидани таҷдид дар сохторҳои зиддисилӣ баромад кард.
Роҳбари Маркази ташаккули тарзи зисти солими шаҳр Фароғат Садриддинова перомуни шиносоӣ бо фаъолияти кумитаҳои тандурустии деҳот дар ноҳия оид ба гузаронидани омӯзишҳои пешгирии бемории сил байни аҳолӣ гуруҳҳои хавф ва ҳоҷатмандон баромад карда, қайд намуд, ки барои пешгирии ин беморӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот чораҳои гуногун андешида мешаванд. Дар ин раванд байни аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият кумитаҳои тандурустӣ таъсис дода шуда, аъзоёни гуруҳҳои тандурустӣ дар маҳалҳо бевосита фаъолият мебаранд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо байни иштирокдорон мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, муовини Раиси ноҳияи Лахш Баргигул Аббосова баромад карда, баргузории семинарро мақсаднок ва саривақтӣ арзёбӣ кард. У ҳамчунин андешаҳои хешро бобати пешгирӣ ва табобати бефосилаи бемории сил ва пурзӯр намудани муассисаҳои КАТС иброз дошт.
Дар қисмати дуюми семинар иштирокдорон аз ҳолати утоқҳои кории КАТС, марказҳои зиддисилӣ ва утоқҳои лабораторӣ дидан намуда, бо шароити кор ва таҷҳизоти замонавӣ ошно гаштанд.
Баъдан гуруҳи мутахассисон аз маркази зиддисилии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти гуруҳи дастгирии бемории сил шиносоӣ пайдо карданд.
Семинар судманд сурат гирифта, меҳмонон бо таассуроти нек баргаштанд. Баргузории ин гуна семинарҳо дар дарёфти саривақтии беморони сил, пешгирӣ ва табобати беморӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тандурустӣ тадбири муҳим маҳсуб меёбад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?