Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4362165
Сегодня
190
На этой неделе
1098
В этом месяце
9075
Итого
4362165
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

26.10.2025

Паёми табрикии Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Паёми
табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Шумоён, кормандони арҷманди мақомоти Суди шаҳри Конибодомро ба ифтихори иди касбиатон - Рӯзи кормандони мақомоти судӣ сидқан ва самиман шодбош намуда, баҳратон қабл аз ҳама сиҳатмандиву сарбаландӣ, саодати рӯзгор, шодиву нишот ва дар пиёда сохтани рисолати муқаддас ва пурмасъулияти хидматиатон барору комёбиҳо таманно дорад.
Тавре ки равшан аст, мақомоти судӣ дар ҷомеаи қонунмеҳвари мо яке аз аркони асосии давлатдорӣ ва шохаи муҳими ҳокимият ба шумор рафта, ҳамчун сарчашмаи таҳкими қонунияту адолат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, тартиботи ҳуқуқӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории пояҳои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми назаррас дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш доир ба нақши мақомоти ҳокимияти судӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки: “Дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст, яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ намудани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд”.
Боиси қаноатмандист, ки воқеан ҳам, ҳокимияти судӣ самараи Истиқлоли давлатӣ ва аз дастовардҳои муҳими он буда, ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ имрӯзҳо барои рушду пешрафт ва ҷиҳати таҳкими давлатдории навини мо нақши калону бориз дорад.
Аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки кормандони шарафманди суди шаҳрамон имрӯзҳо бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаву ӯҳдадориҳои хеш ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ садоқату матонат нишон дода, ба сокинон беғаразона ва софдилона хизмат расонида, ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, гиромидошти арзишҳои миллию давлатӣ ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Итминони комил дорем, ки Шумоёни гиромӣ минбаъд низ, баҳри таҳкими пояҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи адолати иҷтимоӣ ба хотири зиндагии ободу осудаи мардум ва фардои дурахшони ҷомеаи навини мо талош хоҳед варзид.
Бо чунин таманниёти нек, бори дигар, Шумоёни азизу гиромиро ба муносибати иди касбиатон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти пуршарафи кориатон сарфарозиву пирӯзиҳо орзумандем.
Иди касбӣ муборак!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом
Даврон Зоҳидзода
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей