Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4362165
Сегодня
190
На этой неделе
1098
В этом месяце
9075
Итого
4362165
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

25.10.2025

Дар якҷоягӣ ҷавононро дур аз хурофот тарбия намоем.

Дар якҷоягӣ ҷавононро дур аз хурофот тарбия намоем.
Бо ҳадафи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, ки ба зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва дар асоси нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Конибодом дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати хукукӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон дар МТМУ №11-и шаҳри Конибодом вохӯрӣ бо усули 'мактаб ба мактаб" баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД Ҷабборӣ Бурҳониддин, сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳр Толибова Муслима, муовини сардухтури КАТС Абдусатторова М. доир ба муаммоҳои рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки оила ва мактаб дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарастӣ нақши калидӣ дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо онҳо кор баранд, то ки онҳо сараро аз носара фарқ карда тавонанд.
Пас, зарур аст, ки волидон ҳама гуна рафтори фарзандонро зери назорат гиранд ва маҳз ба ҳамин роҳ метавонанд дар пешгирии хуруфотпарастӣ нақш гузоранд.
Барои ояндаи солиму ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ насли созандаро омода намоем, ки аз гумроҳшавию бегонапарастӣ дур бошад.
Возможно, это изображение один или несколько человек и люди учатсяВозможно, это изображение баскетболВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся, стол и толпа
Возврат к списку новостей