Посетители
24.10.2025
Мулоқоти тарғиботӣ дар деҳаи Шӯробқалъа
Санаи 23 октябри соли равон дар деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати деҳоти ба Фирӯзобаи шаҳри Конибодом мулоқот бо сокинон тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо усули “деҳа ба деҳа” бо иштироки ҳайати гурӯҳи корӣ - Сардори шуъбаи дар шаҳри Конибодом будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дустов С.Д., Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Ф., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷабборӣ Б. ва Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ғаниев Н. баргузор гардид. Зимни мулоқот, нахуст Сардори шуъбаи дар шаҳри Конибодом будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дустов С.Д. оид ба масъалаҳои муҳими рӯз ва доғи ҷомеа аз ҷумла, хавфу хатарҳои ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон махсуса, ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, роҳ надодан ба ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ, дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва худогоҳу худшиносӣ тарбия намудани насли наврас ва садоқат ба арзишҳои олии миллию давлатиамон инчунин, мусоидати ҳар як шаҳрванди ба нангу номус дар таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа изҳори ақида намуд. Сипас, баромадкунандагони дигар низ ба масъалаҳои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳояшон баҳри истиқболи сазовори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани иқдомҳои созандаву бунёдкорона ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҷомеа ва дигар масоили муҳими рӯз суханронӣ намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?