Посетители
09.06.2016
Мулоқоти вакилон
Дар асоси нақшаи кории комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар литсейи касбии саноати кишоварзӣ вохӯрӣ бо хонандагони таълимгоҳ баргузор гардид. Вохӯриро муовини сарвар Эргашбой Узоқов ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.
Нахуст раиси комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакили маҷлиси шаҳрӣ Баҳодурҷон Саидов баромад намуда, оид ба рафти иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷавонон, ҳуқуқи онҳо ба таҳсил ва интихоби касб ва ғайра сухан ронд.
Сипас, вакили маҷлиси шаҳрӣ, аъзои комиссияи доимӣ оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Рауфҷон Бобоҷонов ба сухан баромада, аз ҷумла, зикр кард, ки имрӯз дар кишвар барои ҷавонон тамоми имконоту шароит фароҳам оварда шуда, онҳо бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ соҳиби илму ҳунар ва касби дилхоҳ мегарданд. Аммо дар баробари ин баъзе ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, ба амнияти халқу миллатҳо халал ворид месозанд. Мутаассифона солҳои охир гаравидани аксари ҷавонон ба сафи ифротгароён афзуда, оқибатҳои бад пеш меорад. Ифротгароён фаромӯш мекунанд, ки бо амалҳои нангинашон ҳаёти худ ва дигаронро низ зери хатар мегузоранд.
Мавсуф зимни суханрониҳои худ ҷавононро ба шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта ва давлати обод, расидан ба қадри сулҳу субот, меҳнатдӯстиву тифоқӣ ва мубориза бар зидди ифротгароён даъват намуд. Ҳамчунин ба донишҷӯён барои супоридани имтиҳоноти дарпешистода муваффақият орзу кард. Ҷавонон баромади вакилонро хуб истиқбол намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷом ҷонишини сарвар Э.Узоқов вохӯриро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон миннатдорӣ баён кард.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?