Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4362150
Сегодня
175
На этой неделе
1083
В этом месяце
9060
Итого
4362150
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.10.2025

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявии дорои аҳамияти фарҳангӣ, маърифатӣ ва ватандӯстона аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба роҳ монда шудаанд. Ин озмунҳо, ба тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илму маърифат мусоидат менамоянд.
Дастпарвари мактаби санъати бачагонаи шаҳр, хонандаи синфи 9 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Конибодом, Худойбердиева Меҳрангез, дар жанри рассомӣ — номинатсияи "Санъати тасвирӣ" (аз 12 то 17 сола) дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон — Ватани азизи ман!" иштирок намуда, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва завқи зебопарастӣ сазовори ҷойи якум гардид.
Ин дастоварди арзанда шаҳодати он аст, ки фарзандони боистеъдоди мо зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муҳити созгори мактаби тоҷик ва роҳнамоии омӯзгорони ботаҷриба метавонанд дар арсаи ҷумҳуриявӣ ба дастовардҳои баланд ноил гарданд.
Меҳрангез бо офаридани асари пурмазмуну зебои тасвирӣ, ки дар он меҳри Ватан, ваҳдат ва дӯстдории табиати диёр инъикос ёфтааст, тавонист диққати ҳайати ҳакамонро ба худ ҷалб намуда, миёни даҳҳо нафар иштирокчиёни дигар, ҷойи аввалро ишғол намояд.
Боиси ифтихор аст, ки чунин духтари ҳунарманду ватандӯст дар таълиму тарбияи муассисаҳои таълимии шаҳрамон камол меёбад. Маҳз ҳамин гуна истеъдодҳо дар оянда ба рушди соҳаи фарҳангу ҳунар ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми босазо мегузоранд.
Табрик ва таҳният ба Меҳрангез ва омӯзгорони эҷодкору заҳматкаш!
Возможно, это иллюстрация (1 человек и текст)Возможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение текст
Возврат к списку новостей