Посетители
4362148
Сегодня
173
На этой неделе
1081
В этом месяце
9058
Итого
4362148
06.10.2025
Дастархони идона барои бошандагони маркази равонии шаҳр ташкил гардид
Санаи 6 октябри соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва ҷалби намояндагони сохторҳои дахлдор, дар маҳаллаи “Баҳор”-и ҷамоати деҳоти “Куҳандиёр” мулоқот бо сокинон аз рӯи усули “деҳа ба деҳа” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин мулоқот — фаҳмондадиҳии сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад.
Дар мулоқот масъулони мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони бахши ҷавонон ва дин, инчунин фаъолони маҳалла ширкат варзиданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили мубрами рӯз — аз ҷумла тозагии муҳити зист, истифодаи дурусти заминҳои наздиҳавлигӣ, масъалаҳои таълиму тарбия ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сокинони маҳалла ба масъалаҳои иҷтимоиву маишӣ ва таъмиру ободонии кӯчаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пешниҳодҳои судманд иброз доштанд. Мутасаддиён ба ҳар як масъала ҷавобҳои мушаххас дода, барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешиданд.
Дар охир таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо минбаъд низ идома ёфта, барои таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар рушду ободии деҳа мусоидат хоҳад кард.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?