Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4362147
Сегодня
172
На этой неделе
1080
В этом месяце
9057
Итого
4362147
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.10.2025

Санаи 6 октябри соли 2025 дар маҳаллаи Кампирдевори ҷамоати деҳоти Куҳандиёр мулоқоти навбатии намо

Санаи 6 октябри соли 2025 дар маҳаллаи Кампирдевори ҷамоати деҳоти Куҳандиёр мулоқоти навбатии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони соҳаҳои гуногун ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон баргузор гардид.
Мулоқот бо мақсади шунидани пешниҳоду дархостҳои аҳолӣ, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти сиёсати давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳалла баргузор шуд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони сохторҳои дахлдор доир ба масъалаҳои зарурати нигоҳдории тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан байни ҷавонон ва дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Сокинони маҳалла бо суханони миннатдорӣ аз таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва як қатор масъалаҳои мавҷударо ба миён гузоштанд.
Дар анҷом масъулон ба сокинон тавсия доданд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд, ҷавононро ба таҳсил ва меҳнат ҷалб намоянд ва барои ҳифзи сулҳу субот саҳми худро гузоранд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ анҷом ёфт.
Возможно, это изображение 6 человек и деревоВозможно, это изображение 9 человекВозможно, это изображение 11 человек и дерево
Возврат к списку новостей