Посетители
4373537
Сегодня
135
На этой неделе
685
В этом месяце
2841
Итого
4373537
06.09.2025
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ҶАҲОНӢ БА ОЯНДАИ НАСЛИ БАШАР
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ҶАҲОНӢ БА ОЯНДАИ НАСЛИ БАШАР
Дар замони муосир, ки инсоният ба пешрафтҳои бесобиқаи илму технология, васеъшавии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди шуури ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ноил мегардад, мутаассифона, таҳдидҳое низ ба миён омадаанд, ки сулҳу суботи ҷомеаҳои инсониро зери хатар мегузоранд. Яке аз хатарҳои бузургу умумибашарӣ, ки дар даҳсолаҳои охир паҳншавии он афзоиш ёфтааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб имрӯз дигар хусусияти маҳдуди минтақавӣ надорад, балки ба як мушкили умумии ҷаҳон табдил ёфтааст, ки хатари аслии он пеш аз ҳама ба насли ҷавон, яъне ояндаи башар равона шудааст.
Терроризм ва экстремизм падидаҳое ҳастанд, ки бо амалҳои хушунатомез, таблиғоти ифротӣ ва сӯистифода аз эътиқодоти динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мехоҳанд фазои орому мутамаддини ҷомеаҳоро ба вартаи нобасомонӣ, ҷудоихоҳӣ ва нафрат табдил диҳанд. Ин зуҳурот дар асоси ақидаҳои ифротӣ ва беасоси идеологӣ ба вуҷуд омада, ба нобуд кардани арзишҳои умумиинсонӣ, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, озодии ақида ва ҳамзистии осоишта, равона карда шудаанд.
Ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ ноором сохтани вазъият, паст задани нуфузи давлатҳо, заиф сохтани андешаи миллӣ ва нобудсозии пояҳои истиқлолият мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ин нерӯҳо бештар ба зеҳни ҷавонон таъсир расонида, кӯшиш мекунанд онҳоро бо ваъдаҳои дурӯғ ва таълимоти хатарнок ба гирдоби ақидаҳои ифротӣ бикашанд.
Яке аз хусусиятҳои нигаронкунандаи терроризм ва экстремизм ин аст, ки онҳо бештар дар байни ҷавонон паҳн мегарданд. Сабаби асосии ин ҳолат набудани сатҳи баланди маърифати сиёсӣ ва динӣ, ноогоҳӣ аз воқеиятҳои ҷаҳон, камбуди муҳити тарбиявии солим, таъсири манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҷавон, агар соҳиби ҷаҳонбинии мустақил набошад, зуд ба доми фиреби таблиғгарони ин гурӯҳҳо меафтад ва на танҳо ба худ, балки ба ҷомеа ва давлат низ хатар эҷод мекунад. Таърих ва воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки маҳз тавассути василаҳои рақамӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ҳазорон ҷавононро аз давлатҳои гуногун ба сафи худ ҷалб намудаанд ва онҳоро ҳамчун воситаи зӯроварӣ истифода бурдаанд. Дар натиҷа, ҳаёти онҳо барбод рафта, ояндаи насл ва амнияти ҷаҳон халалдор гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки аз оғози солҳои 2000-ум инҷониб, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин хатарҳои ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ вокуниш нишон дода, як қатор тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст. Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, сиёсати қатъии зидди терроризм, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон, таъсиси барномаҳои давлатӣ барои муқовимат ба ифротгароӣ ва дастгирии оилаҳои осебпазир аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти миллӣ ва тарбияи насли солим амалӣ мекунад.
Баргузории ҳамоишҳои илмӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, ташкили курсҳо оид ба маърифати динӣ ва сиёсӣ, ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ ва масъулияти иҷтимоии худро боло баранд ва ба ҳар гуна андешаҳои ифротӣ муқовимат кунанд.
Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки мубориза бо терроризм бояд на танҳо бо зӯрӣ ва воситаҳои низомӣ, балки пеш аз ҳама бо маърифат, таҳкими одобу ахлоқ, густариши муҳити солими тафаккур ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум сурат гирад. Ин маънои онро дорад, ки ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва террористшавии ҷавонон танҳо кори сохторҳои давлатӣ нест, балки масъулияти умумиҷамъиятӣ, масъулияти волидайн, омӯзгорон, рӯҳониён, зиёиён ва худи ҷавонон аст.
Мо бояд ҳамчун шаҳрвандони бедордил, огоҳ бошем, ки терроризм ва экстремизм танҳо як амали хушунатомез нестанд, балки як мағзи фикрист, ки агар онро сари вақт бишносӣ ва муқовимат накунӣ, метавонад ба як бемории иҷтимоӣ мубаддал гардад. Пас, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фард, махсусан насли ҷавон ин аст, ки ҷаҳонбинӣ ва маърифати худро баланд бардорад, ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузорад ва бо тафаккури солим ва зиракии сиёсӣ роҳи дурусти ҳаётро интихоб кунад.
Хулоса, терроризм ва экстремизм на танҳо таҳдид ба давлату ҳукумат, балки хатари воқеӣ ба инсон, оила, фарҳанг, таърих ва ояндаи насли башар мебошанд. Ҷаҳони муосир танҳо дар сурате метавонад амну осуда ва устувор боқӣ монад, ки ҳамаи нерӯҳо, аз сатҳи маҳал то байналмилалӣ, муттаҳид шуда, барои решакан намудани ин вабои аср талош намоянд. Фақат бо роҳи таҳкими маърифат, ҳамдигарфаҳмӣ, густариши фарҳанги сулҳ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонем ояндаи бехатару дурахшонро барои насли башар таъмин намоем.
Марҳабо РАСУЛОВА,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом
ба номи Мирзо Турсунзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









