Посетители
4394396
Сегодня
711
На этой неделе
2784
В этом месяце
9925
Итого
4394396
31.08.2025
Номаи табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба ифтихори Рӯзи дониш
Номаи табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба ифтихори Рӯзи дониш
Омӯзгорону устодони гиромӣ!
Донишҷӯёну хонандагони азиз!
Ҳамасола санаи 1-уми сентябр дар арафаи ҷашни таърихии миллату давлати куҳанбунёдамон – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари азизамон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чун тантанаи донишу хирад ва илму маърифат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ин санаи муборак - оғози соли нави таҳсилро ба аҳли зиёву маориф, устодону шогирдон ва кулли мардуми сарбаланди Канди бостонӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.
Тавре ки таърих шаҳодат медиҳад, барои миллати тамаддунофари мо донишу хирад, илму адаб, ақлу заковат ва фарҳангу маънавиёт то ҳазорсолаҳо мояи ифтихору сарфарозӣ маҳсуб ёфта, ниёгони барҷастаамон, ситорагони илму адаби тоҷик чароғи маърифатро ба ҳадде фурӯзон намудаанд, ки нуру зиёи он то ҳанӯз ҳам равшангару раҳнамои ҷаҳониён мебошад.
Хушбахтона, имрӯз низ ин рисолати азалӣ ва анъанаи накӯ тавассути сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дода шуда, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи мактабу маориф ва ҷиҳати самаранокии таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат тамоми шароитҳо муҳайё аст.
Чуноне ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд. Ман барои ҳамин, аз рӯзи аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам».
Дар робита ба он боиси зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнавсозӣ, тармиму таҷдид ва бунёду сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Айни ҳол дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар навбати худ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, муҳайё намудани шароити мусоиди тадрис дар муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими пояҳои моддию техникии онҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дар ин раванд ба ободонии муассисаҳои таълимӣ, азнавбарқароркунии муассисаҳои садамавии соҳа, бунёди биноҳои нави таълимӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ эътибори аввалиндараҷа дода шуда, баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сохтмони 47 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин дам 22 адади он мавриди истифода қарор дода шуда, дар 25 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бобати бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки зиёда аз 100 оила истиқомат дорад, бояд зикр намуд, ки бо мусоидат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳоти Пӯлотон ва ба номи Раҷаб Ҳамробоев бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун сохтмони се адад кӯдакистон оғоз шуда, ҳамчунин се адади дигар барқарор карда шуд.
Албатта, боиси қаноатмандӣ, ки дар ин айёми накӯ муассисаҳои таълимии шаҳр пас аз тармиму таҷдид ҳусну таровати тоза ва намуди идона касб намуда, баҳри истиқболи шогирдон ҳамаҷониба омода гардидаанд.
Изҳори эътимоду боварӣ мекунем, ки ҷомеаи омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли нави таҳсил тавассути заҳматҳои пайваста ва кӯшишу талошҳои назаррас ба комёбиву дастовардҳои арзанда ноил хоҳанд шуд.
Бори дигар ҳамаи омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёнро бо фарорасии Рӯзи дониш ва 34 - умин солгарди ҷашни пуршукуҳи Истиқлоли давлатӣ сидқан муборакбод намуда, дар ҷодаи таълиму тадрис ва донишомӯзӣ барору пирӯзӣ таманно менамоям.
Рӯзи дониш муборак!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом
Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









