Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4373563
Сегодня
161
На этой неделе
711
В этом месяце
2867
Итого
4373563
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

28.07.2025

Мулоқот бо усули "деҳа ба деҳа" ва "маҳалла ба маҳалла" идома дорад.

Мулоқот бо усули "деҳа ба деҳа" ва "маҳалла ба маҳалла" идома дорад.
Имрӯз дар шаҳраки 23 маҳаллаи ба номи Э.Обидов мулоқот бо сокинон доир гардид.
Мулоқотро муовини якуми Раиси шаҳр Шӯҳрат Шокирӣ оғоз намуд ва вобаста ба мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", " Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" сухан гуфт.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Баҳодур Маҳмудов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Муҳаммад Шокирӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар идома баромадкунандагон дар бораи ворид гардидани тағирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи нерӯи барқ,таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқиву фарҳангӣ, ободонии маҳал ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин таъкид гардид, ки минбаъд саривақт насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ, тағйири нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқ ва ё бепайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот ва дар натиҷа барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷаримаҳо афзуда, (ба андозаи 365 то 1200 нишондиҳанда) ҳатто аз озодӣ маҳрум шудан(аз 3 то 10 сол) мумкин аст.
Дар охир аз ҷониби сокинон оид ба масъалаҳои матраҳ шуда саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Возможно, это изображение 10 человекВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 13 человек
Возврат к списку новостей