Посетители
4362176
Сегодня
201
На этой неделе
1109
В этом месяце
9086
Итого
4362176
28.07.2025
Аёдати собиқадор Ҳомидҷон Мамадов ба ифтихори 96-солагиаш
Дар доираи татбиқи сиёсати инсонмеҳвари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои содиқонаи собиқадорон, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ба ифтихори 96-солагии собиқадори соҳаи маориф Ҳомидҷон Мамадов ба аёдати ӯ рафт.
Ҳомидҷон Мамадов аз зумраи шахсиятҳои маъруфи соҳаи маориф буда, солҳои тӯлонӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият кардааст. Ӯ бо эҳсоси масъулият наслҳои зиёдеро тарбия намудааст ва дар рушду пешрафти соҳа саҳми арзанда гузоштааст. Мамадов Ҳомидҷон номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст.
Зимни мулоқот Раиси шаҳр аз хизматҳои арзишманди ӯ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки эҳтирому қадршиносӣ аз собиқадорон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Ҳомидҷон Мамадов туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, барои саҳми шоистаи ӯ дар рушди соҳаи маориф изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардид.
Н. Умаров
Ф. Муқимов

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?