Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4362176
Сегодня
201
На этой неделе
1109
В этом месяце
9086
Итого
4362176
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

27.07.2025

Андеша: ВАТАНДӮСТУ ВАТАНПАРАСТ БОШЕМ.

Андеша: ВАТАНДӮСТУ ВАТАНПАРАСТ БОШЕМ.
Ватандӯстии шаҳрвандон — ин эҳсоси муҳаббат, садоқат ва масъулият нисбат ба Ватан мебошад. Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои муҳими ахлоқиву маънавии ҳар як инсон ва пояи устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Ватандӯстӣ- танҳо дӯст доштани Ватан нест, балки он амалҳои воқеӣ ва ҳисси масъулиятро низ дар бар мегирад. Шаҳрванди ватандӯст:
- Конститутсия ва қонунҳои давлатро риоя мекунад;
- Ба ободии кишвар саҳм мегузорад;
- Забон, фарҳанг ва таърихи миллатро эҳтиром мекунад;
Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ аз кӯдакӣ оғоз меёбад ва дар мактаб, оила ва ҷомеа рушд меёбад. Омӯзгорон, волидайн ва роҳбарони ҷомеа бояд кӯшиш кунанд, ки дар қалби насли нав муҳаббат ба Ватанро ҷой кунанд.
Ватандӯстӣ кафолати ваҳдат ва сулҳи миллӣ аст;
Ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат мекунад;
Ҷомеаи муттаҳид ва дорои ҳисси баланди масъулиятро ба вуҷуд меорад.
Андешаи бузургон низ аз аҳамияти ин арзиш шаҳодат медиҳад. Чунончи, Садриддин Айнӣ мегӯяд:
"Ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст."
Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои асосии ҳар як шахс ва миллат аст. Барои ҷомеаи муосир, хусусан барои насли наврас, тарбияи ватандӯстӣ аҳамияти калон дорад. Насли наврас – ояндаи миллат аст. Агар ҷавонон ба Ватан, миллат, фарҳанг ва забони худ муҳаббат дошта бошанд, ҷомеа низ рӯ ба рушд меорад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як воситаи тавонои таъсиррасонӣ табдил ёфтаанд. Ҷавон бояд дар он ҷо низ фарҳанги миллиро тарғиб намояд, на тақлид ба бегонаҳо.
Ҷавоне, ки Ватанро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба он хиёнат намекунад, балки бо тамоми ҳастияш барои пешрафти он талош мекунад.
Раиси маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Фирӯзоба Аскарова Иноят
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей